Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Софема" аз тарҳи фурудгоҳи Душанбе даст кашид


Ширкати фаронсавии «Софема» аз идомаи сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе даст кашидааст. Бино ба хабари «Азия Плюс», ин мавзӯъ дар мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сафири Фаронса Анри Зиппер баррасӣ шуд. Қарор шуда, ки иҷрои ин тарҳро ширкати дигари фаронсавии «Венси» идома хоҳад дод. Фаронса барои сохтани ин терминали нави масоҳаташ 11 000 метри мураббаъ 20 миллион евро медиҳад.
XS
SM
MD
LG