Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 нафар дар Ромит зери тарма монд


Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар дараи Ромит 4 сокини рустои Соне зери тарма мондаанд. Мақомоти Кумитаи ҳолоти изтирорӣ аз ин фоҷиа изҳори бехабарӣ карданд, вале сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тамоми рӯзи ҷумъа дар маҳалли тарма ҷустуҷӯи ин 4 ҷавон идома дошт ва алакай ҷасади ду нафарро пайдо кардаанд. Қаблан рехтани тарма шоҳроҳи Душанбе –Хуҷандро дар мавзеъи Майхӯра масдуд карда, боиси ҳалокати як ронанда ва банд мондани даҳҳо нафар шуд. Мақомоти обуҳавошиносӣ мегӯянд, дар рӯзҳои наздик хатари ҳамлаи тарма дар ҷодаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон меафзояд.
XS
SM
MD
LG