Пайвандҳои дастрасӣ

Довталаби украинӣ барои ҷоизаи имсолаи озмуни ҳунарии Аврупо Евровижн (Eurovision) 2012 дар васати як ҷанҷоли нажодпарастӣ қарор гирифтааст.

Миллатгароҳои украинӣ аз он ба ғазаб омадаанд, ки моҳи май дар Боку овозхон Гайтана, ки яке аз волидонаш африқоитабор аст, аз номи Украина баромад хоҳад кард. Онҳо талаб доранд, ки ба ҷои Гайтана каси дигаре ба озмун фиристода шавад.

Юрий Сиротюк, сухангӯи ҳизби миллатгароҳои украинӣ бо номи Свобода ё худ Озодӣ мегӯяд, ӯ ҳаргиз хонум Гайтанаро ба хотири ранги пӯсташ танқид накардааст. Рӯзи душанбе Сиротюк гуфт, ки Украина бояд ягон нафари дигарро ба Евровижн фиристад, зеро Гайтанаи 32-сола руҳи украинӣ надорад.

Ҷои ёдоварист, ки 18-уми феврал Гайтана соҳиби роҳхат ба озмуни имсолаи Евровижн гардид, ки моҳи май дар шаҳри Боку-пойтахти Озарбойҷон барпо хоҳад шуд.

Гайтана, овозхони укроинӣ

Гайтана, овозхони укроинӣ

Аслан оҳанги Гайтана, ки дар Евровижн пешкаш мешавад, ба тоҷикӣ “Меҳмони ман бош!” унвон дошта, бояд чун намунаи меҳмоннавозии украиниҳо хидмат кунад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Сиротюк мавқеашро чунин шарҳ дод: “Ман дар бора Гайтана чизе нагуфтаам. Ман аз интихоб нороҳат будам. Касе набояд муайян кунад, ки кӣ иштирок кунаду кӣ не! Ман гуфам, ки Руслана барои мо хидмати бузург кардааст. Ӯ бо таронаи украинӣ дар Евровижн пирӯз шуда буд. Ман дар бораи Гайтана, нажод ва ранги пӯсти ӯ чизе нагуфтаам.”

Овозхон Руслана, қаҳрамони ҷаҳон дар бокси ҳирфаӣ Виталий Кличко ва чандин ситораи дигари фарҳангу варзиши украинӣ ба дифоъ аз Гайтана бархоста, иброз доштаанд, ки ӯ беҳтарин сароянда барои ширкат дар озмуни Евровижн мебошад.

Рӯзи 22-уми феврал Гайтана ҳамроҳ бо Руслана дар шаҳри Киев нишасти матбуотӣ доир намуданд. Гайтан ба хабарнигорон аз ҷумла гуфт: “Ман аз ин тафсири нажодпарастона шарм кардам, зеро он эътибори Укураинаро дар саросари олам паст мезанад. Ман медонам, ки украиниҳо саъй доранд, имиҷи кишварро беҳбуд бахшанд, то Украина ба оилаи аврупоӣ шомил шавад. Ин гуна шарҳу тафсирҳо боис шудаанд, ки аз тарс касе ба Украина намеояд.”

Ин ҷанҷол замоне сар задааст, ки Шӯрои Аврупо аз Украина мубориза бо нажодпарастиву бегонаситезаро тақозо кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG