Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харитаи муҳоҷирати тоҷикон ба зудӣ васеъ хоҳад гашт


Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон.
Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон.
Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, бозорҳои нави нерӯи корро пайдо кунад. Раҳбари ин ниҳод Сафиалло Девонаев дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ҳоло тарҳҳои пешниҳодӣ бо Кореяи Ҷанубӣ, Украина ва Қатар дар ҳоли баррасӣ буда, ҳамчунин бозори кори Полша мавриди омӯзиш қарор ёфтааст. Вай афзуд дар соли 2011 наздик ба сеюним ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда ва 343 муҳоҷир ихроҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG