Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Тунис


Намояндагони баландпояи зиёда аз 70 давлати Ғарб ва Ҷаҳони араб барои нахустин мулоқоти “Дӯстони Сурия” дар Тунис ҷамъ меоянд. Бино бар хабарҳо, онҳо аз президенти Сурия Башор Асад талаб хоҳанд кард, ки ба таври фаврӣ оташбас эълон кунад, то бо осебзадагони хушунат ёриҳои башарӣ расонда шавад. Русия ва Чин аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ карда, онро мудохила дар умури Сурия шумурдаанд. Интизор меравад, ки дар конфаронси ширкат кунанд. Мухолифони Сурия низ ба ин ҳамоиш даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG