Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасрафти миёна дар иқтисоди минтақаи евро


Кумиссюни Аврупо пешгӯӣ мекунад, ки иқтисоди минтақаи евро дар соли 2012 0,3 дарсад пасрафт хоҳад дошт. Ин ниҳод гуфтааст, қатъи ғайриинтизори беҳбуд дар нимсолаи аввал низ идома хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки кумиссюн дар моҳи ноябр мегуфт, дар соли 2012 иқтисоди минтақаи евро ним дарсад рушд хоҳад дошт. Гуфта мешавад, бар замми душвориҳои иқтисоди Юнону Португалия имсол Белгия, Испания, Италия, Кипр, Ҳолланд ва Словения низ ба рукуд рӯбарӯ хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG