Пайвандҳои дастрасӣ

Кам касеро мешавад пайдо кард, ки боре аз кор ё амали анҷомдодааш пушаймон нашуда бошад.

Дар миёни мардум мақоле ҳаст, ки мегӯянд, "пушаймонӣ надорад оқибат суд". Бо вуҷуди батакрор ёдоварӣ кардани ин мақол ҳамаи мо коре кардаем, ки оқибаташ ҷуз пушаймонӣ чизи дигаре набудааст.

Бо ин ҳол, бузургсолон мегӯянд, афсӯсу пушаймонӣ чандон гарон намеафтад, агар инсон роҳе пайдо карда, иштибоҳи худро ҷуброн намояд. Аммо агар ин корро карда натавонад, шояд инсон як умр пушаймон мондаву иштибоҳи кардаашро дар як гӯшаи қалбаш мисли доғе нигоҳ дорад.

Ҷавонони имрӯза мегӯянд, маъмулан дар интихоби ҳамсафари зиндагӣ баъзан иштибоҳ мекунанд ва аз он пушаймонанд. Ё аз он пушаймонанд, ки дар мактаб хуб таҳсил накардаанд ва ё дӯсти худро бе баҳонае ранҷондаанд. Сафи он теъдод пушаймонҳое низ кам нест, ки волидони худро дар ҷавонӣ азият дода ва ранҷондаанд, вале имрӯз онҳоро наметавонанд пайдо бикунанду узрхоҳӣ бикунанд.

Дар сӯҳбат бо наворгири "Озодӣ" аксар ҳамсӯҳбатони мо аз амали анҷомдодаи худ, ки ба дунбол барояшон пушаймониву афсӯс овардааст, ошкоро рози дил карданд. Шумо низ магар коре кардаед, ки баъдан пушаймон шудаед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG