Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: "Ба дахолат ба умури Русия роҳ намедиҳем"


Владимир Путин, номзад ба мақоми раисиҷумҳурии Русия, дар як муроҷиат ба ҷонибдоронаш дар варзишгоҳи Лужникии Маскав изҳор намуд, ки ба ягон кас имкон намедиҳад то ба умури дохилии Русия дахолат кунад. Ӯ аз ҷамъомадагон изҳори сипос кард ва онҳоро "муҳофизони ҳақиқии ватан номид".

Ба иттилои расмӣ, дар гирдиҳамоии пуштибонӣ аз Владимир Путин беш аз 130 ҳазор нафар ширкат доштанд. Ширкатдорон субҳ дар Фрунзенская набережная ҷамъ омада бо шиорҳо то варзишгоҳи “Лужники” раҳпаймоӣ карданд. Бархе расонаҳо навиштанд, ки барои ширкат дар ин ҳамоиш аз Свердловск 700 коргар оварда шуданд.

Имрӯз дар Маскав ҷонибдорони дигар номзадҳо – Геннадий Зюганов ва Владимир Жириновский ҳам гирдиҳамоӣ доир карданд.

Барои таъмини тартибот дар пойтахти Русия даҳ ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд. Онҳо тақрибан 70 шаҳрванди Ӯзбакистонро барои талоши дасиса дар гирдиҳамоии ҷонибдорони Владимир Путин боздошт карданд. Яке аз ӯзбакҳо дар даст овезаи “Моро маҷбурӣ ба ин ҷо овардаанд!”-ро дошт.
XS
SM
MD
LG