Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Пешовар афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни таркиш дар истгоҳи автобусҳои шаҳри Пешовари Покистон ба 15 нафар расид.

Мион Ҳусайн, вазири иттилооти вилояти Хайбар Пахтунхва гуфт, ки "таркиш маргталабона набуд, маводи тарканда дар мошин гузошта шуда буд ва онро аз дур мунфиҷир карданд. 15 нафар кушта ва 35 нафар маҷрӯҳ шуданд, вазъи дасти кам 5 нафар сангин аст. Мутаассифона, теъдоди кушташудагон метавонад афзоиш ёбад. Ин гуна ҳамлаи мудҳиши террористӣ дар ин ҷо кайҳо боз сурат нагирифта буд".

Қурбониёну осебдидагони таркиш асосан мусофирони автобусҳои байнишаҳриянд.

То ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи толибон кардаанд, ки дар ин минтақа ҳузури чашмгир доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG