Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хостори ҳамлаи мардум ба низомиёни хориҷӣ шуданд


Ҷунбиши “Толибон”-и Афғонистон аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар посух ба сӯзонидани чанд нусха Қуръон дар пойгоҳи Багром ба нерӯҳои хориҷӣ ва қароргоҳҳои онҳо ҳамла кунанд.

Ҳарчанд НАТО ва вазорати дифои ИМА барои ин амали низомиёнашон расман узр хостанд, дар Афғонистон се рӯз боз эътирозҳо идома доранд. Имрӯз беш аз ҳазор нафар бо шиорҳои зиддиамрикоӣ дар хиёбонҳои Кобул рехтанд. Дар вилояти Лағмон садҳо нафар дарвозаи пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Меҳтарламро сангборон карданд. Дар Бағлон бошад, бар асари бархӯрди полис ва эътирозгарон як нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG