Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 70 ӯзбак барои ташкили дасиса дар гирдиҳамоӣ


Кормандони полиси Маскав тақрибан 70 шаҳрванди Ӯзбакистонро барои талоши дасиса дар гирдиҳамоии ҷонибдорони Владимир Путин боздошт карданд.

Дар изҳороти раёсати умури дохилии Маскав гуфта шудааст, созмондиҳандагони дасиса мехостанд бо пардохти 600 рублӣ ҳамшаҳриҳои худро дар Лужники гирди ҳам оваранд.

Яке аз ӯзбакҳо дар даст овезаи “Моро маҷбурӣ ба ин ҷо овардаанд!”-ро дошт.

Дар гирдиҳамоӣ дар "Лужники" тақрибан 100 ҳазор ҷонибдорони Путин ҷамъ омадаанд.Владимир Путин дар як муроҷиат аз ҷамъомадагон изҳори сипос кард ва онҳоро "муҳофизони ҳақиқии ватан номид". Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ба ягон кас имкон намедиҳад то ба умури дохилии Русия дахолат кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG