Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Филиппин мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешин Глория Арройо шурӯъ шуд. Ӯ дар тақаллуби натоиҷи интихоботи Сенат дар соли 2007 ба нафъи ҳизби ҳоким айбдор мешавад. Арройо дар ибтидои мурофиа гуфт, ки худро гунаҳкор намехонад.

Раисиҷумҳури феълии Филиппин Бенинио Акино бо шиорҳои мубориза бо фасоду тақаллуб дар интихобот пирӯз шуд. Намояндагони ҳукумат гуфтанд, ки дар мурофиаи додгоҳии феълӣ посухи бисёр суолҳои раҳбарии баҳсноки Глория Арройо дарёфт хоҳад шуд.

Глория Арройо аз соли 2001 то соли 2010 раисиҷумҳури Филиппин буд.
XS
SM
MD
LG