Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳо мусофирон кушта шуданд


Дар шаҳри Пешовари Покистон бар асари таркиш дар истгоҳи автобусҳо дасти кам 12 нафар ҷон бохтанд. Беш аз 30 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, қурбониёну осебдидагон – асосан мусофирони автобусҳои байнишаҳриянд.

То ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулити ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи толибон кардаанд, ки дар ин минтақа ҳузури чашмгир доранд.
XS
SM
MD
LG