Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари силсилаи таркишу ҳамлаҳо дар Бағдод ба камияш 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар минтақаи Коррада се таркиш ба амал омад, аз ҷумла, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори постгоҳи нерӯҳои амниятӣ мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар дигар маҳаллаҳои пойтахти Ироқ таркишҳо асосан дар назди постгоҳҳои пулис ба вуқӯъ пайвастанд.

Дар вилоятҳои Бақуба, Киркук ва Салоҳиддин ҳам кормандони пулис ҳадафи ҳамла қарор доштанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро то ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Таркишҳо дар пойтахти Ироқ ҳоле афзоиш ёфтааст, ки ба дунболи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ низои байнимазҳабӣ дар ин кишвар зиёд ба мушоҳида мерасад.

XS
SM
MD
LG