Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амос дар Сурия мавзӯи ёрии башариро матраҳ мекунад


Ҳамоҳангсози барномаҳои башарии СММ Валери Амос рӯзҳои наздик ба Сурия меравад то бо мақомоти Димишқ мавзӯъи дастрасии кормандони созмонҳои хайрия ба манотиқи аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ муҳосирашударо баррасӣ кунад.

Яке аз ин минтақаҳо, ки он ҷо амалиёт алайҳи мухолифони раисиҷумҳур Башор Асад идома дорад, шаҳри Ҳумс аст. Ба иттилои хабаргузориҳо, рӯзи чаҳоршанбе бар асари тирборони ин шаҳр 80 нафар, аз ҷумла, хабарнигори фаронсавӣ Ремӣ Ошлик ва хабарнигори амрикоии нашрияи бритониёии Sunday Times Мэри Колвин ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG