Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Владимир Путин гирди ҳам меоянд


Дар Маскав раҳпаймоии пуштибонӣ аз номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия Владимир Путин шурӯъ шуд. Ширкатдорони раҳпаймоӣ аз Фрунзенская набережная ба варзишгоҳи “Лужники” мераванд, ки қарор аст он ҷо гирдиҳамоӣ баргузор шавад. Қарор аст, ки дар гирдиҳамоӣ 100 ҳазор нафар ширкат кунанд. Субҳ барои ширкат дар ин ҳамоиш тавассути қатора аз Свердловск 700 коргар оварда шуданд.

Имрӯз дар Маскав ҷонибдорони дигар номзадҳо – Геннадий Зюганов ва Владимир Жириновский ҳам гирдиҳамоӣ доир мекунанд.

Барои таъмини тартибот дар ҷойи баргузории гирдиҳамоиҳо даҳ ҳазор нафар сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG