Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари силсилаи таркишу ҳамлаҳо дар Бағдод дасти кам 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар минтақаи Коррада се таркиш ба амал омад, аз ҷумла, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори постгоҳи нерӯҳои амниятӣ мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар дигар маҳаллаҳои пойтахти Ироқ таркишҳо асосан дар назди постгоҳҳои полис ба вуқӯъ пайвастанд.

Дар вилоятҳои Бақуба, Киркук ва Салоҳиддин ҳам кормандони полис ҳадафи ҳамла қарор доштанд.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG