Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Беларус ширкат меварзанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки ҳамзамон яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб меёбад, имрӯз, 23-юми феврал, дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор мешавад.

Ҷаноби Абдуллоҳ афзуд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро паҳлавонони маъруфи кишвар - Акмалиддин Каримов (57 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Сайфиддин Раҷабов (74 кг), Абдуваҳҳоб Сатторов (82 кг) ва Бобури Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG