Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳои хашмолуд ба қатли журналистон дар Сурия


Қатли ду журналисти ғарбӣ ҳамроҳ бо даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Сурия изҳороти хашмолуди байнулмилалиро ба вуҷуд овард. Хабарнигори маъруфи амрикоӣ Мария Колвини 56-сола ва суратгири бритониёӣ Ремӣ Очлики 28-сола дар гулӯлаборони маркази шаҳри Ҳумс аз тарафи нерӯҳои давлати Сурия ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, дар чунин ҳамлаҳо дар саросари кишвар инчунин 60 нафари дигар кушта шудаанд. Се журналисти дигар маҷрӯҳ шуда, вазъи яке аз онҳо, журналисти фаронсавӣ сангин арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG