Пайвандҳои дастрасӣ

Русия боз аз пайомадҳои ҳамла ба Эрон ҳушдор дод


Ноиби вазири умури хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҳамла ба Эрон метавонад, барои равобити минтақаӣ ва мумкин аст, байнулмилалӣ пайомадҳои “фалокатбор” дошта бошад. Изҳороти Геннадий Гатилов дар ҳоле садо дод, ки Теҳрон ба бозрасони Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ иҷозаи вуруд ба пойгоҳи Парчинро надод, ки дар навбати худ шубҳаро сари барномаи ҳастаии Эрон афзоиш медиҳад. Ғарб Теҳронро айбдор мекунад, ки машғули бунёди силоҳи ҳастаист. Эрон ин иттиҳомотро рад пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG