Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ гуфт, Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест


Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт, кишвараш дар пайи бунёди силоҳи ҳастаӣ нест. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки маъмурони Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ аз сафари бозрасони худ ба Эрон изҳори дилсардӣ карданд. Дар изҳороти худ Хоманаӣ гуфт, Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест, аммо ҳамзамон мехоҳад, бартарихоҳии соҳибони силоҳи ҳастаии ҷаҳонро шиканад. Раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Юкиа Амано шикоят кард, ки Теҳрон ба бозрасони ҳастаӣ иҷоза надод, аз пойгоҳи ҳарбии Парчин дидан кунанд ва шубҳаи фаъолиятҳои таслиҳотиро дар ин ҷо биозмояд.
XS
SM
MD
LG