Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай мӯътаризони афғонро ба оромӣ хонд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳамватанони худро пас аз даргириҳо дар тазоҳуроти зидди сӯзондани Қуръон ба оромӣ даъват кард. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар ду рӯзи эътирозҳо дар Кобулу Ҷалолобод ва вилоятҳои Парвону Лугар ҳафт нафар кушта шудаанд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида сӯзонда шудани китоби муқаддаси мусулмонҳоро дар пойгоҳи ҳавоии Баграм як тасодуфи таассуфангез номиданд ва узрхоҳӣ карданд. Сафорати Амрико дар Кобул аз кормандонаш хост, берун нараванд ва чораҳои амниятии он тақвият ёфтанд.
XS
SM
MD
LG