Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ва журналистон бо ҳам чӣ хоҳанд гуфт?


Бинои муҷтамаи Шарқи Озод
Бинои муҷтамаи Шарқи Озод

Интизор меравад дар остонаи таҷлил аз Рӯзи матбуот, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон баргузор шавад.

Қабл аз ин, анҷуманҳои хабарнигорӣ ва кумитаи таҷлил аз садсолагии «Бухорои шариф» раиси ҷумҳурро барои ширкат дар ҷашни садсолагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар рӯзи 11-уми март даъват карда буданд. Ҳоло ниҳодҳои масъул ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва кумитаи баргузории ҷашни «Бухорои шариф» саргарми таҳияи барнома ва муқаддимасозии дидор ва мулоқоти раиси ҷумҳур бо хабарнигорон ҳастанд.

Сайфуло Қодиров, аз масъулони баргузории ҷашни матбуот ва «Бухорои шариф» дар вазорати фарҳанг аз ироаи ҳар гуна иттилоъ роҷеъ ба ширкати раиси ҷумҳур ва барномаи ҳузури ӯ дар ин ҷашн худдорӣ кард, аммо гуфт, вазорат саргарми омодасозии маҷлиси бошукӯҳ ва консерти идома ба ифтихори ҷашни матбуот аст.

Гуфта мешавад, нишасти хабарнигорон бо ширкати раиси ҷумҳур қарор аст, рӯзи 10-уми март, як рӯз қабл аз баргузори ҷашни матбуот ва садсолагии «Бухорои шариф» доир шавад. Дар ҳоли ҳозир дубора хабарнигорон ва масъулини расонаҳо барои ширкат дар ин мулоқот сабти ном мешаванд. Вале суоли матраҳ аст ин аст, ки оё ба ин мулоқот танҳо хабарнигорони дохилӣ даъват хоҳад шуд ва ё соири журналистон? Ва ин мулоқот ошкору муфид ва ё мисли мулоқот бо зиёиён хоҳад буд? Ва билохира чиро метавон аз ин мулоқот интизор дошт? Оё метавон интизори тағйири сиёсат ва бархӯрди давлат дар муносибат бо расонаҳо буд?

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо қишрҳои дигар, аз ҷумла бо тоҷирону соҳибкорону ҳунармандону кӯҳкорон расм шудааст, аммо ин барои дуввум аст, ки ӯ бо маҳофили рӯзноманигорӣ мехоҳад мулоқот кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, эҳтиром гузоштан ба таърих ба далели таҷлил аз ҷашни «Бухорои шариф» аз як сӯ, ва аз
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода
сӯи дигар дарки як воқеияти мусаллами дунёи имрӯз, ки режимҳои худкома дар муқобили мавҷи эътирозҳо нотавон маълум мешаванд, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба чунин тасмиме барои мулоқот бо ҷомеаи журналистӣ водор кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» мегӯяд, бовар дорад, ки ба ин далел мулоқоти мазкур ошкоро ва созанда воқеъ хоҳад шуд. Зеро танҳо қишре, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бо назари интиқодӣ боқӣ мондааст ва ҳарфе барои гуфтан дорад, ин хабарнигорон ҳастанд. Ӯ мегӯяд: «Ин мулоқот мисли мулоқот бо соҳибкорону тоҷирону варзишгарон ва ё ба ном зиёиён нест. Ба ҳар ҳол хабарнигорон як қишре ҳастанд, ки афкори умумӣ ба миён меоранд, ҳарфҳои ҷомеаро мегӯянд. Пас ман умед ва бовар дорам, ки мулоқот озод, шаффоф доир хоҳад шуд. Ва имкони матраҳ кардани масоили доғ вуҷуд хоҳад дошт.»

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири хабаргузории "Озодагон" мегӯяд, агар ин мулоқот протоколӣ ва таваҷҷӯҳ дар он ба масъулини расонаҳо ва матбуот бошад, онҳо ҷуръати гуфтани мушкили ҷомеъа ва расонаҳоро дар мулоқоти рӯбарӯ надоранд. Ва ин мулоқот низ шабеҳи мулоқот бо зиёиён анҷом хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: «Хабарнигорони мустақил ҳарфе барои гуфтан
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
ва матраҳ кардан доранд, аммо агар мулоқот протоколӣ ва номнависшуда бошад, мисли мулоқот бо зиёиёнамон анҷом хоҳад шуд. Зеро масъулини расонаҳо ҷуръати гуфтани масъалаҳоро дар рӯбарӯи раҳбари давлат надоранд.»

Аммо бархе дигар аз таҳлилагарон мегӯянд, ки сарфи назар аз он, ки ин мулоқот ошкору шаффоф хоҳад буд ё не ва кадом масоили дар он матраҳ мешавад, паёмади хубу дурусте барои расонаҳо нахоҳад дошт. Ва бархӯрди давлат бо расонаҳоро тағйир нахоҳад дод.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари умури расонаҳо мегӯяд: «Ман чизи зиёдеро аз ин мулоқот интизор надорам. То ҷое ман огоҳ ҳастам, созмонҳо ва анҷуманҳои хабарнигорӣ мехоҳанд имтиёзталабӣ кунанд ва хостори лағви бархе молиёт шаванд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин масъалаи муҳиме барои матбуоти тоҷик нест. Ба ҷои ин беҳтар мебуд, ки масъалаи ислоҳоти банди 135 ва 136 қонуни ҷиноиро матраҳ мекарданд, то хабарнигорон метавонистанд, бо ҷуръати бештар ва бидуни тарс аз таъқиби ҷиноӣ, фаъолият менамуданд. Аммо то ҷое ман медонам, матраҳ кардани ин масъала дар назар нест.»

Ҷаноби Абдуллоев ҳамчунин афзуд, дар мулоқоти се соли пеши хабарнигорон бо раиси ҷумҳур, масоили зиёде матраҳ шуд, аммо яке аз онҳо ҳам амалӣ нагашт. Аз ҷумла, масъалаи таъсиси Бунёди кӯмак ба матбуоти миллӣ пеш
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
гузошта шуд, ки ҳадаф аз он озодсозии матбуот аз сармоягузорони хориҷӣ буд, аммо ин кор амалӣ нашуд.

Масъалаи коҳиши расонаҳои беш аз ҳадди давлатӣ, шабакаҳои зиёди беасари радиоӣ ва телевизонӣ ва ба ҷои он таъсиси як шабаки қавии ҷамъиятӣ, ки ҳаводиси минтақаро пӯшиш бидиҳад, матраҳ шуд, аммо то кунун таваҷҷуҳе ба он нашудааст. Ва ин навбат низ ба қавли оқои Абдуллоев, далеле барои хушбинӣ, ки баъди ширкати раиси ҷумҳур дар ин мулоқот масоили зиёде ҳал ва бархӯрди давлат бо расонаҳо баъди он тағйир хоҳад хӯрд, вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG