Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон 7 эътирозгар кушта шуд


Эътирозҳо дар Кобул

Эътирозҳо дар Кобул

Имрӯз дар Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи оташ задани “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО аз тири пулис дастикам 7 нафар ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи мақомот, якнафарӣ дар Кобулу Ҷалолобод ва вилояти Лугар кушта шуданд. Дар улусволии Шинвор баъди ҳамла ба пулис дар наздикии фурудгоҳи Багром 4 тазоҳургар сари тир шуданд. Китобҳои “Қуръон”-ро рӯзи душанбе аз “беэҳтиётӣ” дар ҳамин пойгоҳ сӯзондаанд ва Амрико барои ин иштибоҳ узр хост. Сафорати Амрико ба кормандонаш тавсия дод, ки ба далоили амниятӣ имрӯз берун нараванд.
XS
SM
MD
LG