Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

10 рӯзи ҳабс барои "эътирози бозичаҳо"


Павал Виноҳрадав

Павал Виноҳрадав

Як фаъоли мухолифини Беларус бо ҷурми баргузории “эътирози бозичаҳо” ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Павал Виноҳрадав ин иттиҳомро эътироф накард ва гуфт, фақат бозичаҳоро тамошо кардааст. Рӯзи 10 феврал аъзои ҷавони ҷунбиши “Ҳақиқатро бигӯ” бозичаҳо дар даст ба майдони Истиқлоли Минск рехтанд. Онҳо дар майдон шиорҳоеро бо талаби озодӣ баланд карданд. Пулис баъдтар вориди майдон шуд ва бозичаҳоро тасарруф кард.
XS
SM
MD
LG