Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳои "овозхон"


Шоми сешанбе дар Қасри Сафед Барак Обама даъвати овозхони гурӯҳи ҳунарии Роллинг Стоунз Мик Ҷаггерро ба замин нагузошта, ҳамроҳ бо сарояндагони машҳури ҷаҳонӣ овозхонӣ кард.

Обама зери кафкӯбии ҳозирин ба саҳна баромада, чанд сатр аз таронаи классикии “Sweet Home Chicago”-ро иҷро кард.

Барак Обама корномаи сиёсии худро аз шаҳри Чикаго оғоз намудааст ва шояд аз ин сабаб тарона дар бораи хубиҳои Чикагоро самимона пешкаш намуд. Ин оҳангро бори аввал блюзсарои машҳури амрикоӣ Роберт Ҷонсон иҷро кардааст.

Аслан президент Обама моҳи январ ҳам дар театри Аполлои Ню-Йорк овозхонӣ карда буд. Ҳунарнамоии президенти ИМА-ро миллионҳо нафар тавассути шабакаи Ютюб тамошо карда, ба он баҳои мусбат додаанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати шоми сешанбеи 21-уми феврал, ки дар чорчӯби ҷашнвораи таърихи сияҳпӯстони ИМА барпо шуд, Барак Обама ба меҳмонони Қасри Сафед гуфт, ӯ баъзан мехоҳад берун баромада каме сайр кунад, то сараш ба истилоҳ “тоза” шавад. Баъзан мехоҳад сари фармони мошин нишаста, бидуни кадом ҳадафе каме ронандагӣ кунад. Вале хадамоти амниятӣ ба чунин иқдоме иҷозат намедиҳад.

Сипас президенти ИМА ба нишони эҳтиромаш ба меҳмонон гуфт, вақте овозхонҳое ба монанди Мик Ҷаггер ва Кинг дар хонааш ҳунарнамоӣ мекунанд, ӯ хушҳол мешавад. Ҳамчунон Обама таъкид кард, ки ҳунари блюз ҳамоно жанри маҳбубу маъруф боқӣ хоҳад монд.

Аммо бояд гуфт, ки президент Обама танҳо раисҷумҳури овозхон нест. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам баъзан дар нишастҳои ҳукумативу давлатӣ илҳом гирифта, ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳунарӣ ҳам гитор менавозаду ҳам овозхонӣ мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз овозхонӣ бебаҳра нест. Чанд сол пеш ӯ ҳам дар яке аз консертҳо ба Сироҷиддини Фозил ҳамроҳ шуду чанд сатрро пешкаши ҳозирин намуда буд.
XS
SM
MD
LG