Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори кушташудаҳо дар Афғонистон 5 нафар шуд


Эътироз дар Ҷалолобод

Эътироз дар Ҷалолобод

Имрӯз дар Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи оташ задани нусхаҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО аз тири пулис дастикам 5 нафар ҷон бохтаанд. Рӯшан Холид – сухангӯи волии Парвон гуфт, 3 тазоҳургар дар улусволии Шинвор кушта шуданд. Дар Кобул бар асари болои издиҳоми роҳии маркази шаҳр тир кушодани пулис як эътирозгар кушта ва 10 тан захмӣ шуданд. Ин эътирозҳо алайҳи оташ задани китоби муқаддаси мусалмонон дар пойгоҳи Багром буд. Сафорати Амрико ба кормандонаш тавсия дод, ки ба далоили амниятӣ имрӯз берун нараванд. Мақомоти афғон ба хотири таъмини тартибот садҳо пулисро дар Кобул мустақар кардаанд.
XS
SM
MD
LG