Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи сафорати Тоҷикистон ба вакилони қирғиз


Анҷумани тоҷикони Қирғизистон (Акс аз соли 2008)

Анҷумани тоҷикони Қирғизистон (Акс аз соли 2008)

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон даъвои вакилони парлумони он кишвар Қаноат Исоев ва Чӯлпон Султонбекова, ки бо китобҳои чопи Душанбе таҳсил кардани хонандагон дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистонро ба чолиш кашида буданд, беасос хонд ва гуфт, бар пояи Қонуни Асосӣ, ҳар шаҳрванди Қирғизистон ҳаққи таҳсил ба забони модариашро дорад. Асомуддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон ба толибилмони қирғиззабон касе чунин мавонеъ эҷод намекунад.
Шумори тоҷикон дар Қирғизистон тақрибан 50 000 нафар баровард мешавад, ки дар 7 мактаб ҳаққи таҳсил бо забони модариро доранд.

Сӯҳбати муфассали сафир ва баҳси бештари ин мавзӯъро шоми панҷшанбе дар маҷаллаи Садои Ҳамватан гӯш кунед.
XS
SM
MD
LG