Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cуғд. Чаҳор худкушӣ дар як рӯз


Бино ба маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, рӯзи 19 – уми феврал се ҷавонзан ва як духтари мактабхон даст ба худкушӣ задаанд.

Зарнигор Дадобоеваи 28-сола, сокини ноҳияи Ашт ва Татяна Новиковаи мактабхон аз ноҳияи Зафаробод бо роҳи овехтан худро ба ҳалокат расонидаанд. Аммо хушбахтона, Муҳиба Сатторова, сокини ноҳияи Истаравшанро наздиконаш аз ҳалқаи дор халос кардаанд Парвина Ҷӯраева, сокини Қайроқумро баъди фурӯ бурдани 5 ҳаб доруи «Димедрол» ба қасди худкушӣ, одамон аз кӯча ба бемористон интиқол додаанд. Парвина гуфтааст, ки ӯро бекориву сахтии рӯзгораш маҷбур ба ҳамчунин коре кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ дар вилояти Суғд боз 2 мавриди худкушӣ сабт шуда, аз ҷумла як хонандаи синфи 11 даст ба ҷони худ зада буд. Ҷасади ба дор овехтаи ин наврасро дар ноҳияи Шаҳристон ҳамсоягонаш пайдо карда буданд. Аммо дар ноҳияи Ашт як сокини 43-солаи рустои Шайдон низ аз роҳи дор риштаи умри худро қатъ карда буд. Дар соли 2011 дар вилояти Суғд 235 мавриди қасди худкушӣ сабт шуда буд.
XS
SM
MD
LG