Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои захираҳои Айнӣ ва Ванҷ сармоягузор меҷӯяд


Тоҷикистон нақша дорад, чандин захираи канданиҳои фоиданоки худро ба фурӯш гузорад. Мақомоти ин кишвар ба хабаргузории “Регниум 21” гуфтаанд, мехоҳанд, аз тариқи тендерҳои байнулмилалӣ кони тилои Чоре ва захираҳои тило, сурма, нуқра ва симоби мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ, конҳои никел, мис ва платина дар мавзеи Гумас, тило, волфарм ва миси Икар дар ноҳияи Ванҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG