Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта барои беэҳтиромӣ ба Қуръон узр хост


Тазоҳурот дар назди пойгоҳи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Баграми Афғонистон.
Тазоҳурот дар назди пойгоҳи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Баграми Афғонистон.
Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Леон Панетта барои “бархӯрди номуносиб” ба нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳарбии Амрико дар Баграми Афғонистон узр хост ва ваъда кард, ки воқеа фавран пажӯҳиш хоҳад шуд. Пас аз хабари сӯзонда шудани китоби муқаддаси мусулмонҳо норозиён дар назди даромадгоҳи пойгоҳ даст ба тазоҳурот заданд ва шиори “Марг бар Амрико!” доданд. Фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, генарал Ҷон Аллен тасдиқ кард, ки нерӯҳои хориҷӣ ба таври “номуносиб” маводи динии исломӣ, аз ҷумла Қуръонро аз байн бурдаанд. Вай барои ин аз ҳукумат ва мардуми Афғонистон сидқан маъзарат хост ва гуфт, воқеа тасодуфан иттифоқ афтода, ба маҳзи огаҳӣ фармондеҳон онро боздоштаанд.
XS
SM
MD
LG