Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду эронӣ аз асорати тиҷоратӣ дар Тоҷикистон раҳо шуданд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ду ронандаи эронӣ, ки қариб як сол хуруҷи онҳо аз Тоҷикистон мамнӯъ буд, ба кишвари хеш баргаштанд. Сулаймон Бекӣ ва Абдуллоҳ Карбалоӣ Ҳусейнӣ ба Тоҷикистон мол оварда буданд, аммо зимни ихтилофи байни ширкатҳои эронию тоҷикистонӣ дар Душанбе монданд ва маблағи бузургеро қарздор шуданд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев дар ин бора гуфт, харҷи бозгашти ронандагонро ширкатҳое, ки ин моҷароро ба вуҷуд овардаанд, хоҳанд пардохт.
XS
SM
MD
LG