Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Бо мураббии хориҷӣ футболи тоҷик рушд мекунад?


Даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Бохтҳои пай дар пайи мунтахаби Тоҷикистон ба дунболи таъйини сармураббии нави хориҷӣ ҳам идома дорад.

Ҳадди ақал мухлисони футболи тоҷик умед доштанд, ки дар ду рақобати санҷишии ахир зери раҳбарии Камол Алиспаҳичи босниягӣ тағйироте дар бози тими миллии футболи Тоҷикистон ба назар мерасад.

Аммо дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз ҳам рақобатҳои дӯстонаро бо тимҳои “Шуртан”-Узбакистон ва “Нистру”-и Молдова бохт. Ҳарчанд ин бохтҳо ҳанӯз натиҷаи заъфи сармураббии нав нест, вале умеди мухлисон ба ҳайати мураббиён ва футболбозони тими миллиро камтар кардааст.

Бо ин вуҷуд, бархе аз мухлисони пурсабри тими миллии футболи Тоҷикистон умед бар он доранд, ки маҳз ҳамин сармураббии хориҷӣ метавонад дар рақобатҳои баъдӣ таҷрибаи кофӣ ва пешрафтаи аврупоии худро барои футболбозони тоҷик омӯзад ва пешравӣ дар рушди ин тим эҳсос шавад.

Дар ин навори видеоии “Озодӣ” посухи мухлисони футболро хоҳед дид. Аммо худи Шумо оё мутмаинед, ки сармураббии нав ва он ҳам хориҷӣ муваффақиятҳои тими миллии футболи Тоҷикистонро бештар хоҳад кард? Ҳатман назари худро дар пайи ин матлаб бинависед, то дигарон ҳам назари Шуморо хонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG