Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи соҳибкорони Туркия аз Узбакистон ихроҷ шуданд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти интизомии Узбакистон гурӯҳе аз соҳибкорони Туркияро барои ҷиноятҳои иқтисодӣ маҳкум ва ба кишварашон истирдод карданд. Телевизиони давлатии Узбакистон рӯзи сешанбе гузориш дод, ки 9 нафар шаҳрвандони Туркия барои пардохт накардани молиёт ва фаъолиятҳои пинҳонии иқтисодӣ маҳкум шудаанд. Бино ба гузориш, ҳамаи дороии ин гурӯҳ дар Узбакистон мусодира шудааст. Як нафар аз аъзои ин гурӯҳ, ки шаҳрванди Узбакистон аст, се сол маҳкум ба зиндон ва 15 000 доллар ҷарима шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG