Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона роҳ ба сӯи шимоли Тоҷикистон баста шуд


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ронадаҳо хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ин кумита ба матбуот хабар додааст. 20 феврал роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳи заминии Тоҷикистон бо шимоли ин кишвар ба сабаби резиши тарма баста шуд. Бештар аз 200 мошин дар иҳотаи тарма мондаанд. Кумитаи мазкур мегӯяд, ба ронадагон ва мусофирони роҳ маводи ғиззоӣ ва кӯмак фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG