Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Душанбе ба СPJ: Барои озодбаёнӣ монеае нест


Муқоваи гузориши нави CPJ

Муқоваи гузориши нави CPJ

Мақомоти тоҷик гузориши CPJ дар мавриди озодиҳои матбуотро "аз пашша филсозӣ" номиданд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "созмонҳои байнулмилалӣ бар пояи далелҳои ба истилоҳ "хурду реза" хулосабарории бузург мекунанд."

Ӯ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" афзуд, "то ҷое воқеиятро медонем, чанд нафаре, ки муттаҳам шуда буданд, ба таври сулҳомез ё озод карда шуданд ё парвандаи онҳо баста шуд ё ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо гузашт карданд. Яъне, дар маҷмӯъ, низоми сиёсӣ барои озодандешии рӯзноманигорон ҳеҷ монеае накардааст."

Ҷаноби Сафаров бар ин назар аст, ки дар чанд моҳи ахир, махсусан, пас аз қазияҳои додгоҳӣ, матбуоти Тоҷикистон хеле "бо ғайрату бо ҷуръат" шуда, бо ҷасорат масоили доғи ҷомеаро матраҳ мекунанд. Ба ин далел, Сафаров таъкид дорад, ки созмонҳои байнулмилалӣ зимни арзёбии масоили Тоҷикистон бояд воқеъбинона рафтор кунанд.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Ин ҳам дар ҳолест, ки умдатан масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бар воқеият доштани натиҷагирии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон таъкид мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, "ин гузориш бар асоси ҳодисаву воқеаҳое, ки дар фазои расонаии Тоҷикистон дар соли 2011 иттифоқ афтодааст, асос ёфтааст. Зеро мо пештар ҳам гуфта будем, ки таъқибу боздошти рӯзноманигорон ҳатман асарашро ба озодии баён дар кишвар мерасонад. Афзун бар ин мо ҳам мӯътақидем, ки вуҷуд доштани моддаҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" дар қонуни ҷиноӣ "калтак"-и хубест барои ба ҳарос овардани рӯзноманигорон дар ин кишвар."

Мавридҳои боздошту таъқиби рӯзноманигорон дар соли 2011 далели коҳиши озодиҳои матбуот дар Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Дар гузориши солонаи СPJ ё Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, ки рӯзи сешанбе зери унвони ҳамла ба матбуот дар соли 2011-ум дар қароргоҳи марказии ин созмони ғайридавлатӣ дар шаҳри Ню-Йорк нашр шуд, гуфта мешавад, баъди нашри мақолаҳо дар бораи фасоди ҳукумати маҳаллӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” Маҳмадюсуф Исмоилов бо айбномаи тӯҳмат ва ангезиши маҳалгароӣ тахминан як солро дар зиндон сипарӣ кард.

Нуриддин Қаршибоева

Нуриддин Қаршибоева

Ҳамчунон ба навиштаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, дар вилояти Суғд хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ Урунбой Усмонов баъди нашри хабарҳо дар бораи созмони манъшудаи Ҳизбуттаҳрир, худаш бо ифротгароӣ муттаҳам шуда, як моҳ зиндонӣ шуд. Муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки хабарнигори “Азия Плюс” Рамзия Мирзобекова бо нашри мақола дар бораи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон аз сӯи як мақоми вазорати корҳои дохилӣ, бо айбномаи нашри хабари беасос ба додгоҳ кашида шуд. Дар мурофиаи дигари додгоҳӣ, додгустар аз давлат пуштибонӣ намуда, боиси манъи интишори ҳафтаномаи мустақили “Пайкон” гардид.

Дар идомаи гузориши Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон зикр шудааст, ки моҳи сентябр президенти Тоҷикистон вазоратҳову идораҳои давлатиро аз баргузории конфронсҳои матбуотӣ раҳо карда, бо ин васила дасрасии маҳдуди матбуот ба масъулонро коҳиш додааст.

Билохира Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон ёдовар шудааст, ки то ҳанӯз дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон тӯҳмат дар воситаҳои ахбори умум ҷиноят ба шумор рафта, масъули он имкон дорад то 2 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG