Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ё CPJ марказаш дар Нию Йорк гузориш додааст, ки дар давоми соли гузашта дар саросари ҷаҳон 46 рӯзноманигорро ба қатл расондаанд. Ин кушторҳо дар ҷараёни кор рух додааст ё онҳо барои корашон ҳадаф қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориш, ки бо номи “Ҳамла ба матбуот дар соли 2011” дар Нию Йорк ба нашр расидааст, соли гузашта Покистон хатарноктарин кишвар барои фаъолияти рӯзноманигорӣ будааст. Дар ин кишвар 7 гузоришгарро куштаанд. Пас аз он Либия ва Ироқ меоянд. Дар ин ду кишвар 5 нафарӣ кушта шудаанд. Бино ба гузориши CPJ, 15 рӯзноманигор соли гузашта ҳангоми гузоришдиҳӣ аз тазоҳуроти Баҳори Араб ҷони худро аз даст додаанд.

Дар гузориш омадааст, соли гузашта 179 рӯзноманигор ба зиндон андохта шудаанд, ки аз соли 1990 то ҳол баландтарин шумора ба шумор меравад. Эрон бештар аз ҳар кишвари дигар 42 нафарро зиндонӣ кардааст. CPJ ҳукуматҳои Чину Сурия ва Мисрро барои бӯғӣ кардани матбуот интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG