Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узрхоҳии генерал барои "беэҳтиромӣ ба Қуръон"


Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон
Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон

Фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон барои "беҳтиромӣ ба Қуръон" аз мардуми афғон узр хост.

Генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, барои иддаое дар ин бора, ки нерӯҳои хориҷӣ арзишҳои исломӣ, аз ҷумла Қуръонро пос надоштаанд, узр пурсид.

Аллен гуфт, вай дастур додааст, дар пойгоҳи Багром, ки нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар он ҷо мустақаранд, дар ин маврид расидагӣ анҷом диҳанд.

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром бештар аз ду ҳазор нафар афғон тазоҳуроти эътирозии ғазаболуд анҷом додаанд. Ин тазоҳурот баъди он сар шуд, ки гузоришҳое дар бораи оташ задани нусхаҳои Қуръон дар ин пойгоҳ пахш шуд.

Генерал Аллен барои ин кор самимона аз ҳукумат ва мардуми Афғонистон бахшиш пурсид. Аммо вай дар изҳороти худ гуфт, итминон медиҳад, ки ин кор барқасдона нашудааст.

Эътироз алайҳи "беэҳтиромӣ ба Қуръон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG