Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия ба ҷои шиноснома гувоҳнома ҷорӣ мешавад?


Константин Ромодановский

Константин Ромодановский

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия пешниҳод кардааст, ки шиносномаҳои ин кишварро бо гувоҳномаҳои плостикӣ иваз кунанд. Константин Ромодановский-раиси ин хадамот ба матбуот гуфтааст, ки ин гувоҳномаҳо дорои чип мебошад ва дар он ҳамаи маълумот дар бораи соҳиби он оварда мешавад. Ба ақидаи Ромодановский, шиносномаи кунунии Русия эътибори худро гум кардааст. Ромодановский меафзояд, то ҳол дар бораи ҷорӣ кардани гувоҳномаи плостикӣ дар Русия тасмим гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG