Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони як идора дар Кӯлоб аз болои раҳбари худ ба рӯзноманигорон шикоят доранд, вале намехоҳанд, шикояташон аз номи онҳо гуфта шавад.

Ҳатто розӣ нестанд, ки ин шикояти онҳо бо имзои мустаор дар расонаҳо чоп гардад. Аммо зиёд мехоҳанд, ки мушкили онҳо аз ҷониби рӯзноманигорон дар матбуот нашр ва ҳал гардад.

"АЗ НОМИ ХУДАТ НАВИС"

Мақсади онҳо ин аст, ки бидуни гуфтани ному такя бар онҳо рӯзноманигор матлаб нашр намояд ва мушкилашон ҳал шавад. Мушкиле, ки ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ, қонун ва касбият иҷоза намедиҳад, то журналист бе такя ба манбаъ онро чоп кунад. Ин рӯзноманигор тарсро омили аслии ошкоро сӯҳбат накардани мардум медонад.

Ӯ гуфт, "масалан, сокине бо гиря аз надоштани оби нӯшокӣ пешат шикоят мекунад, вале вақте мехоҳӣ, онро сабт кунӣ, зуд фикраш тағйир меёбад. Хоҳиш мекунад, ки аз номаш чизе нанависӣ, ки аз раиси маҳалла ё ноҳия гап мешунавад. Хоҳиш мекунад, ки аз номи худат нависӣ."

ВАҚТЕ РАИС ИШОРА МЕКАРД...

Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим

Сокинон дар ҳоле ба рӯзноманигорон муроҷиат мекунанд, ки арзашон аз ҷониби масъулон шунида намешавад. Вохӯрии масъулон бо мардум низ дар фазои тарсу ҳарос ва қолабӣ баргузор мешавад.

Мунираи Абдураззоқ, як хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, чанд рӯз пеш вохӯрии раиси вилоят Ғайбулло Афзалов бо сокинони ноҳияи Темурмалик баргузор шуд, ки дар он ҷо ягон нафар ба раиси вилоят суол надод. Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин ҷаласа "вохӯрии раиси вилоят бо сокинони одӣ" ном дошт, аммо ба назар мерасид, ки сокинони одӣ ба он ҷо роҳ наёфтаанд.

"Тамоми иштирокдорон директорони мактабу раисони маҳаллаву ҷамоатҳо буданд. Маълум буд, ки онҳо аз доираи кашидаи раиси ноҳия намебароянд. Ҳар яке аз онҳо бархоста, ба раиси вилоят мадҳу сано мехонд ва мушкилоти ночиз ё ҳалшудаеро ба миён мегузошт",-афзуд ин хабарнигори тоҷик.

"ДАҲОНИ ПӮШИДА САД МАН ТИЛЛО"

Ғайбулло Афзалов

Ғайбулло Афзалов

Дар ҳамин ҳол, Бурҳон Сафарӣ, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мардум мушкили зиёди ҳалношуда дорад ва раҳбарон низ намехоҳанд, дар ин бора шунаванд, зеро ба таври ҷиддӣ дар андешаи ҳалли онҳо нестанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳама дар бораи мушкилиҳои мавҷуда медонад, вале чун нафаре онро ба забон орад, ба истилоҳи мардум сараш "дар бало мемонад".

Аммо Аҳмади Иброҳим мегӯяд, тарс дар қалби сокинон ё мансабдорони сатҳи поёни солҳост, ки ҷо гирифта ва дар баробари ҳама мушкилот хомӯш нишастан ба одати сокинон табдил ёфтааст: "Онҳо метарсанд, ки ҳам мушкилашон ҳал намешавад ва ҳам худашон дар бало мемонанд. Маълум мешавад, ки то андозае амнияти мардум таъмин нест, яъне боз ҳам тарс аз касеву аз чизе доранд, ки пас аз гуфтани сухане ба сарашон меояд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон амр дод, ки тамоми вазирону расиони шаҳру навоҳӣ ҳар рӯзи шанбе сокинонро бипазиранд ва ба арзу доди онҳо бирасанд. Аммо дар ин рӯз аксаран раисони шаҳру навоҳиро наметавон пайдо кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG