Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи 130 миллиард евро ёрӣ ба Юнон тасвиб шуд


Вазирони молияи минтақаи евро дар ҷамъомаде, ки тамоми шаб дар Бруссел идома кард, ниҳоят ёрии нави иборат аз 130 миллиард евро ба Юнонро тасвиб карданд, то ин кишварро аз варшикастагӣ наҷот диҳанд. Ин кӯмак қарзи Юнонро то соли 2020 то 120, 2 дарсади даромади нохолиси миллии ин кишвар коҳиш медиҳад. Дипломатҳо дар Бруссел мегӯянд, ҷузъиёти созиш, ки баррасии он 12 соат давом кард, ҳамоно мавриди санҷиш ва тасдиқи кишварҳост. Кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, хостори назорати бештар ба иқотисодиёти Юнонанд. Бо вуҷуди эътирозҳои васеъ порлумони Юнон қонуни коҳиши маошу нафақа ва ҷойҳои кориро ба тавсиб расонд.
XS
SM
MD
LG