Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи беҷавоби "Нистру" ба дарвозаи Тоҷикистон


Лаҳзае аз бозии дастаи Тоҷикистон ва "Нистру" (Молдова)
Лаҳзае аз бозии дастаи Тоҷикистон ва "Нистру" (Молдова)

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар ҳарду бозии санҷишии худ дар Туркия мағлуб гашт.

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон бозии дуюми санҷишии худро 20-уми феврал дар Туркия ба дастаи «Нистру» (Атаки) аз лигаи олии Молдова бо ҳисоби 0:2 бохт.

Намояндаи матбуотии дастаи Тоҷикистон, Фаридун Солиев мегӯяд, бозӣ дар тамрингоҳи Белеки Туркия бо бартарии андаки дастаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт, аммо лаҳзаҳои муносиб барои задани гол аз тарафи ин даста истифода нашуд. Дар қисми аввали сабқат, барои намуна, зарбаи ҷаримавии ҳимоятгар Даврон Эргашев аз фосилаи 25 метр ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Пас аз танаффус ба ҷои Эраҷ Раҷабов, ки дар ҷараёни бозӣ маҷрӯҳ шуда буд, Аҳтам Назаров ба майдон баромад. Дар оғози ин бахш аз бозӣ ҳимоятгарони дастаи Тоҷикистон ба иштибоҳ роҳ доданд ва бозигари “Нистру” Адриан Караҷа тӯбро ба ҳадаф расонд. Баъд аз 11 дақиқаи дигар Штефан Бургю зимни иштибоҳи дарвозабон Алишер Туйчиев, ки нобаҳангом ба пеш баромад, голи дуюмро ба дарвозаи дастаи миллии Тоҷикистон зад.

Дар қисми дуюм Юсуф Рабиев, Комил Саидов ва Илҳом Ортиқов шарикони худро дар майдон иваз карданд. Талошҳои даста бештар шуданд, аммо он боз ҳам чандин лаҳзаи голзаниро аз даст дод.

Дар бозии дуюми санҷишӣ сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Камол Алиспоҳичи босниягӣ се тағйир ворид кард. Ба ҷойи Фаррух Чориев, Дилшод Восиев ва Комил Саидов бозигарони дигар Даврон Эргашев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Фарҳод Тоҳиров ба майдон баромаданд. Тоҳиров аз оғози бозӣ нақши нимҳимоятгари рост ва нимҳимоятгари гӯшаӣ Ҷаҳонгир Ҷалилов нақши ҳуҷумкунандаро бозиданд. Дар ҷои ҳимоятгари рост дастаи мураббиён бозигари «Регар-ТадАЗ» Алексей Неъматовро ба кор мебарад ва ба эҳтимоли зиёд ӯ Эраҷ Раҷабовро, ки аз ҳаққи бозӣ маҳрум шудааст, иваз хоҳад кард. Ба иллати захми зонуяш дар ҳарду бозии санҷишӣ дар Туркия лидери дастаи миллӣ Хуршед Маҳмудов ширкат карда натавонист.

Ба ин тартиб дастаи миллии Тоҷикистон ҳарду бозии озмоишии худро дар ростои набард бо дастаи миллии Кореяи Шимолӣ дар рӯзи 29-уми феврал бохт. Бозии аввал бо дастаи "Шӯртан"-и Узбакистон буд, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони узбак тамом шуд. Рӯзи чоршанбе, 22-юми феврал, дастаи мунтахаби кишвар ба Тоҷикистон бармегардад.

Футболбозони тоҷик омодагиро ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) дар ватани худ идома хоҳанд дод.



XS
SM
MD
LG