Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва Карзай сулҳи Афғонистонро баррасӣ карданд


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар гуфтугӯи телефоние бо ҳамтои афғони худ ҳимояти минтақаӣ аз раванди оштӣ дар Афғонистонро баррасӣ кард. Обама бо Ҳомид Карзай ҳамчунин мулоқоти ӯро бо сарони Покистон ва Эрон дар ҳафтаи гузашта дар Исломобод баҳс намуд. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, “ду раҳбар ба зудӣ боз гуфтугӯ хоҳанд дошт, то талошҳои худро барои дастрасӣ ба аҳдоф ва таҳкими коршарикии дарозмуддат” тақвият диҳанд. Карзай дар мусоҳибааш гуфтааст, якҷо бо Иёлоти Муттаҳида ва мустақилона бо Толибон гуфтушунид дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG