Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1000 $ ҷарима барои буридани дарахт


Як пирамарди 71-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ барои буридани дарахт дастгир кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Нурмуҳаммад Назаров, сокини ҷамоати Сарикиштӣ рӯзи 14 феврал 5 дарахти бедро бе иҷозати масъулони раёсати ҳифзи муҳити зист буридааст. Хисороти ба давлат расондаи ин пирамардро 4690 сомонӣ (тақрибан 1000 доллар) ҳисоб кардаанд.
XS
SM
MD
LG