Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи боздошти фаъолон дар Жанаозен


Дар шаҳри Жанаозен дар ғарби Қазоқистон боздошти фаъолони гумонбар дар ошӯби 17 декабр идома дорад. Сомонаи fergana.ru мегӯяд, Наталя Ажигалиева, Аймон Онгарбоева, Ҷоноро Сактаганова ва Эстай Қарашеевро рӯзи 17 феврал бо иттиҳоми таҳрик ба ошӯби иҷтимоӣ ва ташкили беназмиҳо боздошт кардаанд. Сомонаи socializmkz.info мегӯяд, баъди ошӯби Жанаозен дар вилояти Мангистау беш аз 100 нафар боздошт шудаанд. Ошӯби ду моҳи пеши коргарони нафткаш дар Жанаозен дастикам 17 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG