Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои Эрон дар Тартус лангар андохтанд


Матбуоти Эрон мегӯяд, ду киштии Эрон ба хотири тамрин додани нирӯҳои баҳрии Сурия дар бандари Тартус лангар андохтаанд. Ин иқдом мояи нигаронии Исроил шудааст, ки дирӯз гуфт, киштиҳои Эронро «хеле аз наздик» наззора хоҳад кард, то ба обҳои Исроил наздик нашаванд. Ин ду киштӣ тавассути канали Суетс гузашта, ҳанӯз рӯзи ҷумъа ба Тартус расиданд.
Ин дар ҳолест, ки режими Сурия ба иллати саркӯбии хунини эътирозҳо ба мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалӣ дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG