Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони ҳастаӣ вориди Эрон шуданд


Ҳерман Накертс қабл аз тарки Вена ба қасди Теҳрон

Ҳерман Накертс қабл аз тарки Вена ба қасди Теҳрон

Нозирони Ожонси байналмилалии назорати ҳастаӣ барои музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон вориди ин кишвар шуданд. Ин сафари дурӯза боздиди дувуми нозирони Ожонси СММ аз Эрон дар 3 ҳафтаи охир аст. Раҳбари ҳайъат Ҳерман Накертс гуфт, «паҳлуҳои эҳтимолан низомии барномаи ҳастаии Эрон, албатта, дар мадди аввал боқӣ мемонад.» Теҳрон исрор меварзад, ки барномааш сулҳомез аст. Дирӯз мақомоти Амрикову Бритониё алайҳи ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон ҳушдор доданд. Эрон дирӯз эълон кард, ки фурӯши нафт ба ширкатҳои Бритониёву Фаронсаро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG