Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинон пешниҳод доранд, ки дар вазоратҳо ва идораҳои дигари давлатӣ мутахассисон кор кунанд, на афроди тасодуфӣ.

На танҳо мухолифони ҳукумат, балки як гурӯҳ аз сокинон низ кори масъулони вазоратҳоро дар сатҳи пойин арзёбӣ мекунанд. Агар намояндагони аҳзоби мухолиф раҳбарони идораҳои давлатиро барои хешутаборбозӣ ва касбӣ набуданашон танқид кунанд, сокинон аз мардумгурезии онҳо ҳарф мезананд.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир наметавонад ба фаъолияти вазоратҳо ва идораҳои дигари давлатӣ баҳои мусбат бидиҳад. Ӯ гуфт, метавонад мисли баъзе аз сокинон дар пеши дурбин кори вазоратҳоро таъриф намояд, вале афзуд, "таъриф бас аст, аз таъриф манфиате нест."

Албатта, ин танҳо назари яке аз ҳамсӯҳбатони мо буд. Чанд нафари дигар, ки худашон ё донишҷӯ буданд ва ё омӯзгор, ба кори вазорати маориф баҳои мусбат доданд. Онҳо гуфтанд, ки дар муқоиса ба чанд соли қабл, кори ин вазорат беҳбуд ёфтааст.

Яке дигар аз назардиҳандагон пешниҳод кард, ки "дар вазоратҳо бояд мутахассисон бошанд. Агар нафаре, ки корро намедонад ба ин курсиҳо бинишинад, ҳам сари худро гаранг мекунад, ҳам аз дигаронро."

Фаъолияти бархе аз вазоратҳои Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди журналистон қарор гирифтааст. Ҳатто баъзе аз хабаргузориҳо чандин бор назарпурсии "истеъфои кадом вазирро мехоҳед"-ро баргузор карданд, ки дар саргаҳи он вазири пешини маориф, вазири саноат ва дигарон меистоданд.

Худи вазоратҳо низ дар торнамо ё сайти интернетии худ талош кардаанд, то назари мардумро дар бораи фаъолияти вазораташон бифаҳманд. Аз ҷумла, торнамои вазорати кишоварзӣ дар сайти худ ин пурсишро гузоштааст, ки "ба фаъолияти вазорат чӣ гуна баҳо медиҳед? Ҳарчанд барои интихоби хонандагон вариантҳои "олиҷаноб", "қаноатбахш" ва "хуб"-ро гузоштааст, аммо имкон надодааст, то хонандагон варианти "бад" ё "нохуб"-ро ҳам интихоб намоянд.

Ба ҳар ҳол, хонандаи азиз, навори зерро бубинеду назари худро ҳам бинависед, ки то куҷо аз фаъолияти вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон қонеъ ҳастед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG