Пайвандҳои дастрасӣ

Тарма роҳро дар қисмати Майхӯра баст


Рехтани тарма шоми якшанбе боиси муваққатан қатъ шудани ҳаракати мошинҳо дар километри 69-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд –Чаноқ шуд. Ба навиштаи «Азия Плюс», ширкати IRS алакай ба тоза кардани қисмати зери тарма мондаи роҳ дар минтақаи Майхӯра шурӯъ кардааст. IRS масъулияти пулчинӣ ва ҳам нигоҳубини ин шоҳроҳро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG