Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи 4,-баллӣ дар Тоҷикистону Узбакистон


Субҳи 20 феврал дар ғарби Тоҷикистон ва ҷанубушарқи Узбакистон як заминларза сабт шудааст. Шиддати ин зилзила тибқи ҷадвали Рихтер 4,4 балл баровард шуда, марказаш дар 73-километрии ғарби Душанбе ва 37-километрии шимолушарқи Деҳнав воқеъ будааст. Мақомоти Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи кадом хисороти ҷониву молие бар асари ин заминларза гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG